ҳунар هنر
исм
  1. фаъолияте, ки ба манзури эҷоди осори вобаста бар бардоштҳои шахсӣ ва бидуни дарёфти суди моддӣ сурат мегирад
    ҳунари нав هنر نو
    исм
    ҷунбиши навгароӣ, ки дар Ғарб шакл гирифт ва дар охирҳои садаи нуздаҳум ҳунармандон вобаста ба ин ҷунбиш асоси ҷаҳонбинӣ ва офаридаҳои худро бар зеҳн ниҳоданд ва бо ин таъбир ба эҷоди осори худ пардохтанд; навҳунар; мудерн, арт 
  2. асаре, ки ба василаи ин фаъолият ба вуҷуд меояд
  3. кори намоён ва барҷаста
  4. касб, пеша; санъат, фан
    • Агар ба ҳар сари мӯят ҳунар ду сад бошад,

      Ҳунар ба кор наёяд, чу бахт бад бошад.

      Саъдӣ бештар
    • Ҳунар беҳтар аз мулку моли падар.

      Зарбулмасал
    ба ҳунар оростан به هنر آراستن
    феъл
    дар бар кардани ҳунар, аз худ кардани ҳунар
    аз ҳунар орӣ будан از هنر آری بودن
    феъл
    ҳунар надоштан, беҳунар будан
  5. қобилият, кордонӣ; устодӣ, маҳорат, фазл, фазилат
    • Ҳунар–мардумӣ бошаду ростӣ,

      Зи кажжӣ бувад каммию костӣ.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ҳунар бинмой агар дорӣ, на гавҳар,

      Гул аз хор асту Иброҳим  аз озар.

      Саъдӣ
ҳунарвар هنرور
сифат
ҳунарманд, одами боистеъдод, пешавари моҳир
  • Чун рафт Касир – он ҳунарвар,

    З-он сайдгаҳ андаке фаротар.

    Ороста дид марғзоре,

    Аз боғи биҳишт ёдгоре.

    Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
  • Ба зери бори миннат кай ҳунарвар мениҳад гардан,

    Наҷунбад Кӯҳкан, гар бар сари ӯ Бесутун афтад.

    Саййидо
ҳунарварӣ هنروری
исм
нигаред ба ҳунармандӣ 1; косибӣ, пешаварӣ
ҳунаргоҳ هنرگاه
исм
нигаред ба ҳунаристон 1; мактаби ҳунаромӯзӣ
ҳунаристон هنرستان
исм
мактаби ҳунаромӯзӣ
ҳунарӣ هنری
сифат
  1. мансуб ба ҳунар 5
  2. аҳли ҳунар, ҳунарманд
    • Ду шоҳзода, ки ҳастанд аз ин дарахти сахӣ,

      Мубораку ҳунарӣ, комрону номовар.

      Анварӣ
ҳунарманд هنرمند
сифат
соҳибҳунар; доно, боистеъдод, моҳир
  • Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,

    Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Чу буданд ҳар ду ҳунарманду чуст,

    Хароше наёмад касеро дуруст.

    Хусрави Деҳлавӣ
ҳунармандӣ هنرمندی
исм
  1. косибӣ, пешаварӣ
  2. кордонӣ, маҳорат: дар ин кор ҳунармандӣ нишон дод
ҳунармандона هنرمندانه
зарф
бо ҳунармандӣ, моҳирона
ҳунарнамо هنرنما
сифат
ҳунарманд, пурҳунар: дасти ҳунарнамо

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳунар, маънии вожаи ҳунар, маънии калимаи ҳунар, маънии ибораи ҳунар, маънои ҳунар, маънои вожаи ҳунар, маънои калимаи ҳунар, маънои ибораи ҳунар, таърифи ҳунар, таърифи вожаи ҳунар, таърифи калимаи ҳунар, таърифи ибораи ҳунар, значение ҳунар, значение слова ҳунар, значение фразы ҳунар, значение выражения ҳунар, определение ҳунар, определение слова ҳунар, определение фразы ҳунар, определение выражения ҳунар