Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
шамъ شمع I
арабӣ
исм
он чизе, ки барои равшан кардани хона аз мум ва чарбу тайёр карда, ба дарунаш пилта мегузоранд
  • Бад-ин таррӣ, ки дорад шамъу маҳтоб,

    Наёрад рехтан бар дасти ман об.

    Низомӣ бештар
  • Як рӯз басе гирист чун шамъ,

    Оби мижа шуд ба доманаш ҷамъ.

    Ҳилолӣ
  • Дарвеш чу шамъи хона ёбад,

    Гӯ: Маҳ ба фалак дигар натобад.

    Шоҳин
шамъи лагани чорум شمع لگن چارم
киноя аз офтоб, ки ҷояш дар фалаки чорум ҳисоб мешуд
шамъи муанбар شمع معنبر шамъи муъанбар
сифат
шамъи анбарин, шамъи хушбӯй (дар замони пеш дар таркиби шамъҳо моддаи хушбӯе ҳамчун уд, сандал, анбар ва ғ. меомехтанд, ки дар вақти даргирифтан хушбӯӣ медод)
шамъи анҷуман شمع انجمن
  1. 1.
    киноя аз садри маҷлис
  2. 2.
    киноя аз маҳбуба ё маҳбуб
шамъи фалак شمع فلک
киноя аз офтоб, хуршед
шамъи Чигил شمع چگل
киноя аз хушрӯ, зебо, маҳбуба
шамъи Ховар شمع خاور
киноя аз офтоб, хуршед
шамъи шабафрӯз شمع شب افروز
киноя аз маҳбуба, маъшуқа
шамъи бутон شمع بتان
киноя аз маҳбуба, маъшуқа
шамъи гетиафрӯз شمع کیتی افروز
киноя аз офтоб, хуршед
шамъи муанбар شمع معنبر
шамъи анбарин, шамъи хушбӯй (дар замони пеш дар таркиби шамъҳо моддаи хушбӯе ҳамчун уд, сандал, анбар ва ғ. меомехтанд, ки дар вақти даргирифтан хушбӯӣ медод)
он шамъи бутон آن شمع بوتان
киноя аз маҳбуба
ин шамъи оташфишон این شمع آتش‌فشان
киноя аз офтоб
шамъи офтоб شمع آفتاب
киноя аз рӯшноии офтоб
шамъи ҷамъ شمع جمع
киноя аз маҳбуба
шамъро куштан شمع را کشتن
феъл
шамъро хомӯш кардан
шамъи биноӣ афрӯхтан شمع بینائی افروختن
киноя аз беандоза хурсанд шудан
шамъи саломат афрӯхтан شمع سلامت افروختن
киноя аз дар амну амон ва офият ҳаёт ба сар бурдан, эмин шудан
шамъ شمع II
исм
физик воҳиди шиддати нур дар дастгоҳи байналмилалии якоҳо (SI), баробар бо 1/60 шиддати нури гуселшуда аз як сонтиметри мураббаъи тобишгари ҷисми сиёҳ, ки дар дамои завби пилотин кор мекунад
шамъ شمع III
исм
улуми низомӣ алворҳои қобилиҳамл барои маҳори садамоти воридшуда ба киштӣ ё кумак ба бари по нигаҳ доштани он дар ҳавзи хушк
шамъгар شمعگر
исм
нигаред ба шамърез 1; он ки шамъ тайёр мекунад
шамъгарӣ شمعگری
исм
шамърезӣ
шамъдон شمع‌دان
исм
зарфе аз фуруз, сафол, санги мармар ва ғ., дар он шамъ мегузоранд
  • Ниҳоданд дар паҳлуи меҳмон,

    Ба ҷои тунук суфрае шамъдон.

    Саййидо
шамъкушак شمع‌کشک
исм
асбоби найчамонанди махсус, ки барои куштани шамъ истифода мешавад
шамъқайчӣ شمع‌قیچی
исм
василаи ба қайчӣ монанд, ки барои қайчӣ кардани пилтаи сӯхтаи шамъ ба кор бурда шавад
шамърез شمع‌ریز
исм
он ки шамъ тайёр мекунад
шамърезӣ شمع‌ریزی
исм
  1. тайёр кардани шамъ
  2. корхонае, ки дар он шамъ истеҳсол мекунанд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии шамъ, маънии вожаи шамъ, маънии калимаи шамъ, маънии ибораи шамъ, маънои шамъ, маънои вожаи шамъ, маънои калимаи шамъ, маънои ибораи шамъ, таърифи шамъ, таърифи вожаи шамъ, таърифи калимаи шамъ, таърифи ибораи шамъ, значение шамъ, значение слова шамъ, значение фразы шамъ, значение выражения шамъ, определение шамъ, определение слова шамъ, определение фразы шамъ, определение выражения шамъ