Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
навигатсия
лотинӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
  1. нигаред ба новбарӣ 1; амали новбар
  2. киштиронӣ (ҳам дар об ва ҳам дар ҳаво)
  3. соҳаи илми киштиронист, ки тарзу усулҳои идораи киштиҳоро ҳам дар обу ҳам дар ҳаво меомӯзад
  4. давраи муайяне аз фасли сол, ки обу ҳаво ба киштиронӣ ва парвози киштиҳои ҳавоӣ имкон медиҳад
навигатсионӣ
ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
сифат
  1. мансуб ба навигатсия 1
  2. нигаред ба новбарӣ 1; амали новбар
новбарӣ ناوبری
ҳамлунақл
исм
  1. мансуб ба новбар 1; амали новбар
  2. ҳамлунақл илм ва маҳорати ҳидояту вопоии васоили нақлияӣ шомили дарёӣ, ҳавоӣ, рейлӣ ва даруншаҳрию ҷоддаӣ
    новбарии ҳавоӣ ناوبری هوائی
    исм
    ҳидояти ҳавогард аз ҷое ба ҷойи дигар
чароғҳои новбарӣ چراغ‌های ناوبری
исм
ҳамлунақли ҳавоӣ чароғҳое бо нури қирмиз дар боли чап ва нури сабз ё обӣ дар боли рост ва нури сафед рӯи дум, ки дар соъоти торикӣ ҷиҳати ҳавопаймои дарҳолиҳаракатро нишон медиҳад
гумроҳсози новбарӣ گمراه‌ساز ناوبری
исм
улуми низомӣ сомонаи дарёфтии нишонакҳо/сигнолҳои дастгоҳи ҳидояти родиюӣ ва ирсоли муҷаддади онҳо бо ҳамон басомад, бо ҳадафи фиреби душман ва эҷоди ихтилол дар новбарии ӯ
фунуни гумроҳсозии новбарӣ فنون گمراه‌سازی ناوبری
исм
улуми низомӣ фунуне, ки бо истифода аз онҳо нишонакҳо/сигнолҳои ирсолӣ аз дастгоҳи ҳидояти родиюӣ дарёфт мешавад ва бо тағйири зовия, ҷиҳати фиреби халабон, дубора ба самти он фиристода мешавад
ахтарновбарӣ اخترناوبری
исм
ахтаршиносӣ фанни мавқеъиятёбӣ бар мабнои аҷсоми осмонӣ, ки дар он нозир, бо истифода аз садас, иртифоъи аҷсоме ҳамчун Хуршеду Моҳ ва сайёра ё ситорае дурахшонро андоза мегирад
қобили новбарӣ قابل ناوبری
сифат
ҳамлунақли дарёӣ вежагии оброҳе бо паҳно ва умқи муносиб барои убури шиновар; новишпазир
қобилияти новбарӣ قابلیت ناوبری
исм
ҳамлунақли дарёӣ ҳолат ё шароити обӣ, ки муносиби новбарӣ бошад; новишпазирӣ
фазоҳои новбарӣ فضاهای ناوبری
исм
ҳамлунақли дарёӣ фазоҳои бастае дар киштӣ, монанди утоқи нақша ва маҳалли суконгириву утоқи мухобирот, ки барои новбарӣ аз онҳо истифода мекунанд 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии новбарӣ, маънии вожаи новбарӣ, маънии калимаи новбарӣ, маънии ибораи новбарӣ, маънои новбарӣ, маънои вожаи новбарӣ, маънои калимаи новбарӣ, маънои ибораи новбарӣ, таърифи новбарӣ, таърифи вожаи новбарӣ, таърифи калимаи новбарӣ, таърифи ибораи новбарӣ, значение новбарӣ, значение слова новбарӣ, значение фразы новбарӣ, значение выражения новбарӣ, определение новбарӣ, определение слова новбарӣ, определение фразы новбарӣ, определение выражения новбарӣ