анба انبه
арабӣ
исм
  1. гиёҳшиносӣ дарахте тановар бо баргҳои дароз ва нӯгтез ва гулҳои хӯшаӣ, ки баландияш ба даҳ метр мерасад ва дар Ҳиндустон мерӯяд
  2. меваи ин дарахт
манго
ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба анба 1; дарахте тановар бо баргҳои дароз ва нӯгтез ва гулҳои хӯшаӣ, ки баландияш ба даҳ метр мерасад ва дар Ҳиндустон мерӯяд
анбар عنبر ъанбар
арабӣ
исм
  1. моддаест чун муми нарм, ки хокистариранг ва хушбӯ буда, бештар дар уқёнуси Ҳинд ва Ором аз меъда ё рӯдаи моҳии анбар (кашалот) ҳосил менамоянд ва собиқ ҳакимон дар тиб низ истеъмол мекарданд, ҳоло фақат дар саноъати атриёт ба кор меравад
    • Ва нигоре дар садри ӯ нишаста, аз умру зиндагӣ ширинтар, ... мӯйи ӯ рашки мушку анбар буд.

      Низомии Арӯзӣ бештар
    • Ва дигар чанд хизона ёфтанд хумҳои атр аз мушку кофур ва анбару бухур.

      Таърихи Табарӣ
    анбари ашҳаб عنبر اشهب ъанбари ашҳаб
    анбари хокистарранг
    анбари ноб عنبر ناب ъанбари ноб
    анбари холис, анбари тоза ва соф
  2. маҷ. зулф
    • Анбар аст он, доми дил, ё мушки ноб?

      Ё зи сунбул бар гули сурӣ ниқоб?

      Камоли Хуҷандӣ
    анбари соро عنبر سارا ъанбари соро
    1. 1.
      киноя аз хушбӯйтарини анбар, беҳтарин навъи анбар 
    2. 2.
      киноя аз зулфи нозанинон
    анбари тар عنبر تر ъанбари тар
    киноя аз сиёҳии чашм
    баробар гаштани ъанбар бо кофур برابر گشتن عنبر با کافور баробар гаштани анбар бо кофур
    киноя аз дамидани субҳ; баробар шудани шабу рӯз
    ба рӯйи оташ анбар ниҳодан به روی آتش عنبر نهادن ба рӯйи оташ ъанбар ниҳодан
    киноя аз хол ниҳодани маъшуқа ба чеҳра
анбарафшон عنبرافشان ъанбарафшон
сифат
муаттар, хушбӯй; пошанда ва афшонандаи хушбӯйиҳо, анбарбез
  • Чун сабо гуфтаи Ҳофиз бишунид аз булбул,

    Анбарафшон ба тамошои раёҳин омад.

    Ҳофиз
ҷаъди ъанбарафшон جعد عنبر‌افشان ҷаъди анбарафшон
киноя аз мӯйи марғулаи муаттар, мӯйи хушбӯй
анбарбез عنبربیز ъанбарбез
сифат
нигаред ба анбарафшон 1; гесӯи анбарбез
анбарбор عنبربار ъанбарбор
сифат
нигаред ба анбарафшон 1; мамлу ва пур аз бӯйи хуш, бағоят хушбӯй
анбарборис انبرباریس амбарборис امبرباریس
исм
як меваи кӯҳӣ, ки онро зиришк ва зирк низ меноманд
анбарбӯ عنبربو ъанбарбӯ
сифат
нигаред ба анбарафшон 1; чизе, ки дорои бӯйи анбар аст, хушбӯй
  • Магар ту шона задӣ зулфи анбарафшонро,

    Ки бод ғолиясо гашту хок анбарбӯст?

    Ҳофиз
анбарзой عنبرزای ъанбарзой
сифат
наҳанги ъанбар, ъанбармоҳӣ
гови ъанбарзой گاو عنبرزای гови анбарзой
исм
гови баҳрие, ки анбар аз он тавлид меёбад; кашалот
анбарин عنبرین ъанбарин
сифат
мансуб ба анбар 1; анбарӣ, олуда ба анбар; муаттару хушбӯ ва ё мишкӣ ва сиёҳ чун ъанбар
шаби анбарин شب عنبرین шаби ъанбарин
сифат
шаби тираю торик
зулфи анбарин زلف عنبرین зулфи ъанбарин
сифат
зулфи сиёҳ ва хушбӯй

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии анба, маънии вожаи анба, маънии калимаи анба, маънии ибораи анба, маънои анба, маънои вожаи анба, маънои калимаи анба, маънои ибораи анба, таърифи анба, таърифи вожаи анба, таърифи калимаи анба, таърифи ибораи анба, значение анба, значение слова анба, значение фразы анба, значение выражения анба, определение анба, определение слова анба, определение фразы анба, определение выражения анба