сипоҳ سپاه
исм
  1. лашкар, артиш
    • Ва чун амир Исмоил хабар ёфт, ки Амр Лайс [тадоруки] ҳарб месозад, вай мар-сипоҳи хеш гирд кард ва улуфаи эшон бидид. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Фасли дуюм дар муомалаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва тансиқи уммол ва мутасаррифон ва услуби аскардорӣ. 

      Аҳмади Дониш
    сипоҳ рондан سپاه راندن
    феъл
     лашкаркашӣ кардан, лашкар кашидан
  2. ҳар як аз афроди лашкар, лашкарӣ
    • Фасли дуюм дар муомалаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва тансиқи уммол ва мутасаррифон ва услуби аскардорӣ.

      Аҳмади Дониш
  3. маҷ. муҳраҳои шатранҷ, донаҳои шаҳмот
    • Пиёда бидиданду пилу сипоҳ,

      Руху аспу рафтори фарзину шоҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. улуми низомӣ ягоне роҳкунишӣ, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус
сипоҳсолорӣ سپاهسالاری
исм
сардорӣ, сарлашкарӣ, фармондеҳӣ
  • Ӯ Рустами Золро сипоҳсолорӣ дод. 

    Маҷмаъу-л-ансоб
сипоҳгарӣ سپاه‌گری
исм
ҷанговарӣ, сипоҳигарӣ, аскарӣ
сипоҳгарона سپاه‌گرانه
зарф
сипоҳиёна, ба мисли сипоҳиён
сипоҳигарӣ سپاهیگری
исм
ҷанговарӣ, аскарӣ
олоти сипоҳигарӣ آلات سپاهیگری
исм
васоили ҷанг, яроқу аслиҳа
сипоҳӣ سپاهی
исм
мансуб ба сипоҳ 1; лашкарӣ, низомӣ
  • Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,

    Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ. 

    Саъдӣ бештар
  • Муиззӣ ... аслаш аз вилояти Нисост, ибтидои ҳол сипоҳӣ буда ва дар хидмати султон Маликшоҳ аз Хуросон ба Исфаҳон афтода. 

    Тазкираи Давлатшоҳ
сипоҳию шаҳрӣ سپاه و شهری
исм
низомӣ ва ғайринизомӣ
сипоҳона سپاهانه
зарф
чун сипоҳ, ба мисли сипоҳон
Сипоҳон سپاهان
исм
  1. шаҳри Исфаҳон
    • Кунун сӯи роҳи Сипоҳон шавед,

      В-аз ин лашкари хеш пинҳон равед! 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. мусиқӣ номи оҳанге аз мусиқӣ
    • Эй ҷанг, пардаҳои Сипоҳон-ам орзуст,

      В-эй ной, нолаи хушу сӯзонам орзуст. 

      Шамси Табрезӣ
сипоҳдор سپاهدار
исм
  1. сипаҳдор, дорандаи сипоҳ, дорандаи лашкар, фармондеҳи лашкар
  2. соҳиби мансаби хоссе дар аҳди Ғазнавиён
    • Пури сипаҳдори Хуросон Муҳаммад аст,

      Фархунда бахту фаррухрӯйю муидост.

      Манучеҳрӣ бештар
    • Абумутеъ ба даргоҳ омада буд... Сипоҳдорон ӯро лутф карданд.

      Таърихи Байҳақӣ
    • Ва бисёр ғуломи истода аз карони сафҳа то даври ҷой ва сипоҳдорону мартабадорони бешмор дар боғ.

      Таърихи Байҳақӣ
сипоҳи гарон سپاه گران
сифат
лашкари анбӯҳ, лашкари сершумор
  • Зи ҷунбидани он сипоҳи гарон,

    Биҷунбид гетӣ карон то карон. 

    Шодӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сипоҳ, маънии вожаи сипоҳ, маънии калимаи сипоҳ, маънии ибораи сипоҳ, маънои сипоҳ, маънои вожаи сипоҳ, маънои калимаи сипоҳ, маънои ибораи сипоҳ, таърифи сипоҳ, таърифи вожаи сипоҳ, таърифи калимаи сипоҳ, таърифи ибораи сипоҳ, значение сипоҳ, значение слова сипоҳ, значение фразы сипоҳ, значение выражения сипоҳ, определение сипоҳ, определение слова сипоҳ, определение фразы сипоҳ, определение выражения сипоҳ