Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
дивизия
русӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
  1. қисми ҳарбие, ки аз чанд полк ё бригада иборат мебошад: дивизияи тирандозӣ, дивизияи зиреҳпӯш
  2. нигаред ба лашкар 1; қӯшун, маҷмӯъи фавҷҳои одамони мусаллаҳи ҷанговар
лашкар لشکر
исм
қӯшун, маҷмӯъи фавҷҳои одамони мусаллаҳи ҷанговар
  • Пароканда лашкар наёяд ба кор,

    Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор. 

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Чи гуна ҷон барад Ибни Ямин аз лашкари ҳиҷрон,

    Ки ҳар дам тири ғам бар синаи ношод меояд?

    Ибни Ямин
  • Лашкар аз ҳар ду ҷониб рӯй ба ҳам оварданд. Саъдӣ
лашкари ороста لشکر آراسته
сифат
лашкари муназзам, лашкари батартиб, мусаллаҳи омода ба ҷанг
лашкар ангехтан لشکر انگیختن
феъл
ҳуҷум кардан, ҳамла овардан
лашкар кашидан لشکر کشیدن
феъл
аскар бурдан (ба ҷое); ба ҷанг рафтан
лашкар оростан لشکر آراستن
феъл
  1. 1.
    сипоҳ ҷамъ кардан; лашкар ба тартиб овардан
  2. 2.
    лашкар кашидан, ҳамла овардан
лашкар لشکر
исм
улуми низомӣ ягони роҳкунише, ки дорои таҷҳизот ва таслиҳоти лозим барои иҷрои амалиёти размист ва бузургтар аз тип ё ҳанг ва кӯчактар аз сипоҳ аст
лашкаргоҳ لشکرگاه лашкаргаҳ لشکرگه
исм
ҷои лашкар, истгоҳи қӯшун
  • Абӯмуслим аз Марв берун омад ва аз роҳи Омӯй ба як манзил лашкаргоҳ зад. 

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Бар он дашт лашкаргаҳ оростанд,

    Ки дарёфтанд, он чи мехостанд. 

    Хоҷу
лашкарӣ لشکری
сифат
  1. мансуб ба лашкар 1
    • Назоракунон шаҳрию лашкарӣ,

      Бар инсофу озарми искандарӣ. 

      Низомӣ
  2. сипоҳӣ, марди сипоҳӣ, сарбоз, аскар, марди ҳарбӣ, ҷанговар
    • В-агар тарки хидмат кунад лашкарӣ,

      Шавад шоҳи лашкаркаш аз вай барӣ. 

      Саъдӣ бештар
    • Ба тангчашмии он турки лашкарӣ нозам,

      Ки ҳамла бар мани дарвеши якқабо овард. 

      Ҳофиз
лашкаркаш لشکرکش
исм
ба майдони ҷанг барандаи лашкар, сипаҳсолор, сардори лашкар
  • В-агар тарки хидмат кунад лашкарӣ,

    Шавд шоҳи лашкаркаш аз вай барӣ. 

    Саъдӣ бештар
  • Алам баркашиданд лашкаркашон,

    Дурахшанда шуд ханҷари саркашон. 

    Хоҷу
лашкаршикан لشکرشکن
сифат
шикастдиҳандаи лашкар, марди шуҷои лашкаршикоф, ки бар қалби лашкари душман ҳамла оварда ба ӯ зарбаи ҳалокатовар медиҳад
  • Зи пӯлодпӯшони лашкаршикан,

    Тани кӯҳ ларзанда бар хештан. 

    Абулқосим Фирдавсӣ
лашкаршиканӣ لشکرشکنی
исм
амали лашкаршикан; шикастан ва пароканда кардани лашкар
лашкаршукуф لشکرشکوف лашкаршугуф لشکرشگوف
сифат
шуҷоъ, диловар
  • ... Ки лашкаршугуфони миғфаршигоф,

    Ниҳон сулҳ ҷустанд, пайдо масоф. 

    Саъдӣ
лашкарангез لشکرانگیز
сифат
ба ҷанг барангезандаи лашкар
  • Ба душман равон лашкарангез шуд,

    Чу оташ сипоҳаш ба кин тез шуд. 

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии лашкар, маънии вожаи лашкар, маънии калимаи лашкар, маънии ибораи лашкар, маънои лашкар, маънои вожаи лашкар, маънои калимаи лашкар, маънои ибораи лашкар, таърифи лашкар, таърифи вожаи лашкар, таърифи калимаи лашкар, таърифи ибораи лашкар, значение лашкар, значение слова лашкар, значение фразы лашкар, значение выражения лашкар, определение лашкар, определение слова лашкар, определение фразы лашкар, определение выражения лашкар