Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
ҳушёр هشیار
сифат
  1. боҳуш, зирак, бофаросат, боақл, доно
    • Зи хешон тане чанд бо худ бибурд,

      Касоне, ки буданд ҳушёру гурд.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. муқобили маст
    • Биёр бода, ки дар боргоҳи истиғно,

      Чи посбону чи султон, чи ҳушёру чи маст.

      Ҳофиз бештар
    • Тамоми майкадаҳоро ба ҳукми дил гаштам,

      Ба даври чашми ту як кас наёфтам ҳушёр.

      Мулҳам
ҳушёрӣ هوشیاری
исм
  1. зиракӣ
  2. огоҳӣ, бедорӣ
ҳушёрона هوشیارانه
зарф
ба равиши ҳушёрон; монанди ҳушёрон
ҳушёрхона هوشیارخانه
исм
ҷое, ки мастонро то ҳушёр шудан нигоҳ медоранд
ҳушёрдил هوشیاردل
сифат
дилогоҳ, бедордил
  • Чунин девонаи ҳушёрдил бош,

    Биё, Мулҳам, зи шӯри худ хиҷил бош!

    Мулҳам
ҳушёр гардидан هشیار گردیدن
феъл
бедор шудан баъд аз мастӣ; ба худ омадан
  • Чу ҳушёр гардад падар, бегумон,

    Саворон фиристад паси ман дамон.

    Абулқосим Фирдавсӣ
ҳушёрисанҷ هشیاری‌سنج
исм
ҳамлунақли рейлӣ афзорае, ки роҳбар бо фишор додани он нишон медиҳад ҳушёрӣ ва тавоноии кофӣ барои ҳидояти қаторро дорад 
нимҳушёр نیم‌هشیار
зарф
дар ҳолати як дараҷа ҳушёру як андоза маст: ниммасту нимҳушёр
ноҳушёр ناهشیار ноҳушёр ناهوشیار
сифат
нофаҳм, камақл
  • Чунин гуфт, к-эй Рахши ноҳушёр,

    Ки гуфтат, ки бо шер кун корзор?

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии Ҳушёр, маънии вожаи Ҳушёр, маънии калимаи Ҳушёр, маънии ибораи Ҳушёр, маънои Ҳушёр, маънои вожаи Ҳушёр, маънои калимаи Ҳушёр, маънои ибораи Ҳушёр, таърифи Ҳушёр, таърифи вожаи Ҳушёр, таърифи калимаи Ҳушёр, таърифи ибораи Ҳушёр, значение Ҳушёр, значение слова Ҳушёр, значение фразы Ҳушёр, значение выражения Ҳушёр, определение Ҳушёр, определение слова Ҳушёр, определение фразы Ҳушёр, определение выражения Ҳушёр