чила چله I чилла
исм
  1. динӣ муддати чил рӯз, ки дар он дарвешон дар ҳуҷраи масҷид ё мазоре нишаста, ибодат ва риёзат мекарданд
    • Файзе, ки Ҷомӣ аз ду-се паймона дурд ёфт,

      Мушкил, ки шайхи шаҳр биёбад ба сад чила. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    чилла нишастан چله نشستن
    феъл
    1. 1.
      чил рӯз гӯшанишин будан ва ибодат кардан
    2. 2.
      гӯшанишин шудан, аз одамон канораҷӯӣ кардан
  2. муддати чил рӯзи баъд аз таваллуд барои зан ва кӯдаки навзод, чил рӯзи навхонадорон баъди арӯсӣ, ки ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи рӯҳонӣ давраи хатарнок ҳисобида мешавад
  3. чиҳилумин рӯз баъди вафоти шахсе, ки дар ин рӯз барои талаби омурзиши ӯ маросиме барпо кунанд
чила چله II чилла
исм
қисме аз фасли зимистон ва ё тобистон аст, ки чил рӯзи мобайнии онро дар бар мегирад
чиллаи дай چله دی
исм
чил рӯзи хунуки сахти зимистон
чиллаи зимистон چله زمستان
исм
  1. 1.
    фосилаи чилрӯзаи зимистон, ки айёми сардтарини ин фасл буда, аз 25 декабр оғоз меёбад ва тақрибан то аввали моҳи феврал давом мекунад
  2. 2.
    маҷ. давраи сардиҳои зимистон
чиллаи тобистон چله تابستان
исм
  1. 1.
    фосилаи чилрӯзаи тобистон, ки айёми гармтарини ин фасл буда, аз 25 июн то аввали моҳи август давом мекунд
  2. 2.
    маҷ. давраи гармиҳои шадиди тобистон
чиллаи калон چله کلان
исм
нигаред ба чиллаи зимистон 1; фосилаи чилрӯзаи зимистон, ки айёми сардтарини ин фасл буда, аз 25 декабр оғоз меёбад ва тақрибан то аввали моҳи феврал давом мекунад
чиллаи хурд چله خرد
исм
давраи бистрӯзаи хунукиҳои сахттарин, ки ба ду даҳаи аввали моҳи феврал рост меояд
чила چله III чилла
исм
  1. бофандагӣ кулӯлаи асосии абрешим, ки аз он торҳо ресида мешаванд, торҳои барои бофтан тайёр шуда дар шоҳибофӣ
  2. бофандагӣ торҳои аз бофт боқимондаи бофандагӣ
чила چله IV чилла
исм
зеҳи камон, ресмони камон
  • Замона камонвор пуштам шикаст,

    Зи тори сиришам бар он чилла баст. 

    Абдураҳмони Ҷомӣ
чилла афшондан چله افشاندن
феъл
зеҳи онро ба ҳаракат даровардан ва такон додан; чиллаи камонро кашидан ва раҳо кардан
чиланишин چله‌نشین чилланишин
сифат
  1. он ки чил рӯз нишаста ба тоату ибодат машғул мешавад
    • Зи шайхи чилланишин дур бошу ҳиллаи вай,

      Ки ҳаст чиллаи вай сардтар зи чиллаи дай. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. он ки чил рӯз аз дигарон дурӣ меҷӯяд, махсусан зани зоида ва навхонадорон
чиланишинӣ چله‌نشینی чилланишинӣ
исм
ибодат кардан, риёзат кашидан
  • Дар гӯшае нишастааму хок мехӯрдам,

    Бигзаштаам ба чилланишинӣ зи зоҳидон. 

    Саййидо
чиллагиёҳ چله‌گیاه
исм
нигаред ба чилладору 1; як навъ рустании шифобахш
чиллагӣ چلگی
исм
навъе аз ангур, ки дар чиллаи тобистон мепазад
чиллагурезон چله‌گریزان
исм
маросими ба хонаи яке аз хешу таборон бурдани тифли навзод ба муносибати чилрӯзагии ӯ
чилладору چله‌دارو
исм
гиёҳшиносӣ як навъ рустании шифобахш

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии чилла, маънии вожаи чилла, маънии калимаи чилла, маънии ибораи чилла, маънои чилла, маънои вожаи чилла, маънои калимаи чилла, маънои ибораи чилла, таърифи чилла, таърифи вожаи чилла, таърифи калимаи чилла, таърифи ибораи чилла, значение чилла, значение слова чилла, значение фразы чилла, значение выражения чилла, определение чилла, определение слова чилла, определение фразы чилла, определение выражения чилла