сипоҳ سپاه сипаҳ سپه
  1. лашкар, артиш
    • Ва чун амир Исмоил хабар ёфт, ки Амр Лайс [тадоруки] ҳарб месозад, вай мар-сипоҳи хеш гирд кард ва улуфаи эшон бидид. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Сипаҳ хост, к-андешаи ҷанг дошт,

      Зи Рустам бад-он гуна дил танг дошт. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    • Сипаҳро гарчи аз шаҳ иззу ҷоҳ аст,

      Шукӯҳи ҷоҳи шах низ аз сипоҳ аст. 

      Ҳозиқ
    • Фасли дуюм дар муомалаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва тансиқи уммол ва мутасаррифон ва услуби аскардорӣ. 

      Аҳмади Дониш
    сипоҳи гарон лашкари анбӯҳ, лашкари сершумор
    • Зи ҷунбидани он сипоҳи гарон

      Биҷунбид гетӣ карон то карон. 

      Шодӣ
    сипоҳ рондан лашкаркашӣ кардан, лашкар кашидан
    • Зи доду зи бедоду тахту кулоҳ

      Сухан гуфтану разму рондан сипоҳ... 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. ҳар як аз афроди лашкар, лашкарӣ
    • Фасли дуюм дар муомалаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва тансиқи уммол ва мутасаррифон ва услуби аскардорӣ.

      Аҳмади Дониш
  3. маҷ. мӯҳраҳои шатранҷ, донаҳои шаҳмот
    • Пиёда бидиданду пилу сипоҳ,

      Руху аспу рафтори фарзину шоҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. гуфт. далер, нотарс, пурҷасорат
  5. улуми низомӣ: ягоне роҳкунишӣ, ки аз ду – се лашкар ташкил мешавад ва таҷҳизоту ҷангафзорҳои лозим барои иҷрои амалиёти размӣ аст; корпус
сипаҳсолор سپهسالار сипоҳсолор سپاهسالار
сарфармондеҳи лашкар
  • Хисрави Парвезро сипаҳсолоре буд ба лашкаркашӣ ва душманкушӣ маъруфу мазкур. 

    Ахлоқи Муҳсинӣ бештар
  • Буд Дилро яке сипаҳсолор,

    Номи ӯ Сабру кӯҳи ҳилму виқор. 

    Мушфиқӣ
  • Аъзо чу кордорон дар ҳар тараф ба шуғле,

    Дил шуд сипоҳсолор в-он ҷумла аз қазо шуд.

    Шамси Табрезӣ
сипаҳсолорӣ سپهسالاری сипоҳсолорӣ سپاهسالاری
сардорӣ, сарлашкарӣ, фармондеҳӣ
  • Ӯ Рустами Золро сипоҳсолорӣ дод. 

    Маҷмаъу-л-ансоб
сипоҳгарӣ سپاه‌گری
ҷанговарӣ, сипоҳигарӣ, аскарӣ
олоти сипоҳгарӣ абзори ҷанг, созубарги ҷангӣ
сипоҳгарона سپاه‌گرانه
сипоҳиёна, ба мисли сипоҳиён
сипоҳигарӣ سپاهیگری
ҷанговарӣ, аскарӣ
олоти сипоҳигарӣ васоили ҷанг, яроқу аслиҳа
  • Ӯзбакон ... олоти сипоҳигарӣ ва ғайруҳум, ки дар хазина ва дар ғайри хазина буд, ба дасти худҳо дароварданд.

    Шаҳномаи Фарғона
сипоҳӣ سپاهی
  1. мансуб ба сипоҳ; лашкарӣ, ҳарбӣ
    • Чу доранд ганҷ аз сипоҳӣ дареғ,

      Дареғ оядаш даст бурдан ба теғ. 

      Саъдӣ бештар
    • Муиззӣ ... аслаш аз вилояти Нисост, ибтидои ҳол сипоҳӣ буда ва дар хидмати султон Маликшоҳ аз Хуросон ба Исфаҳон афтода. 

      Тазкираи Давлатшоҳ
    сипоҳию шаҳрӣ ҳарбӣ ва ғайри ҳарбӣ
    • Сипоҳию шаҳрӣ ба кирдори кӯҳ,

      Саросар ба ҷанг-андарун ҳам гурӯҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. ҳар як аз афроди сипоҳ, аскар
  3. он ки дар хизмати дарбор аст (дар аморати собиқи Бухоро)
  4. ниг. сипоҳигарӣ
сипоҳона سپاهانه
чун сипоҳ, ба мисли сипоҳон
сипоҳон سپاهان
  1. шаҳри Исфаҳон
    • Кунун сӯи роҳи Сипоҳон шавед,

      В-аз ин лашкари хеш пинҳон равед! 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. мус. номи оҳанге аз мусиқӣ
    • Эй ҷанг, пардаҳои Сипоҳон-ам орзуст,

      В-эй ной, нолаи хушу сӯзонам орзуст. 

      Шамси Табрезӣ
анҷумсипоҳ انجم‌سپاه
он ки лашкари бисёр дорад, серлашкар
  • Ин шаҳр ба дасти ин подшоҳи анҷумсипоҳ фатҳ мешавад ва ҳар яке аз мо ба сиёсате аз уқубате гирифтор меоем.

    Фатҳнома

Феҳристи ихтисорот

а. арабӣ
ак. аккадӣ
ибр. ибрӣ
ингл. инглисӣ
исп. испониёӣ
ит. итолиёӣ
лот. лотинӣ
м. муғулӣ
мол. молоӣ
олм. олмонӣ
пол. поландӣ
порт. португалӣ
пҳл. паҳлавӣ
р. русӣ
санс. санскрит
т. туркӣ
т.-м. туркию муғулӣ
т.-ф. туркию форсӣ
тибет. тибетӣ
фин. финландӣ
фр. фаронсавӣ
ҳ. ҳиндӣ
ҳол. ҳолландӣ
ч. чехӣ
чин. чинӣ
ҷ. ҷопонӣ
шв. шведӣ
ю. юнонӣ
ю.-а. юнонию арабӣ
я. яҳудӣ

адш. адабиётшиносӣ
асот. асотирӣ, асотиршиносӣ
афс. афсонавӣ
баҳр. баҳрнавардӣ
боғп. боғпарварӣ
боф. бофандагӣ
брқ. барқӣ, электрӣ
ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
врз. варзиш
гиёҳ. гиёҳшиносӣ (ботаника)
грам. грамматика, дастури забон
гуфт. гуфтугӯӣ
д. динӣ
домп. домпизишкӣ (байторӣ)
дӯз. дӯзандагӣ
зарб. зарбулмасал
збш. забоншиносӣ
змш. заминшиносӣ (геология)
зстш. зистшиносӣ (биология)
иқт. иқтисод
итт. иттилоотшиносӣ
кайҳ. кайҳоннавардӣ
киш. кишоварзӣ
кол. колбадшиносӣ (анатомия)
кҳн. кӯҳнашуда
лҳҷ. лаҳҷавӣ
мақ. мақол
мант. мантиқӣ
мас. масалан
маҷ. маҷозан
маъд. маъданшиносӣ
меъ. меъморӣ
мол. молия
муқ. муқоиса шавад бо...
мус. мусиқӣ
нав. навсохт
ниг. нигаред ба...
низ. низомӣ
нум. нумератив
нуҷ. нуҷум
обҳш. обуҳавошиносӣ
пасв. пасванд
пешв. пешванд
пиз. пизишкӣ, тиббӣ
р.-оҳ. роҳи оҳан
радио. радиотехника
риёз. риёзиёт (математикӣ)
с. сиёсӣ
сохт. сохтмон
сур. суриёнӣ
таҳқ. сухани таҳқиромез
таър. таърихӣ
тех. техникӣ
фал. фалсафӣ
физ. физикӣ
фолк. фолклор
хим. химия
хӯр. хӯрокворӣ
ҳан. ҳандасӣ
ҳнш. ҳунаршиносӣ
ҳсбд. ҳисобдорӣ
ҳуқ. ҳуқуқшиносӣ
чорв. чорводорӣ
ҷ. ҷамъи...
ҷғрф. ҷуғрофиё
ҷонв. ҷонваршиносӣ (зоология)
ш. шаҳри...