Лутфан Вожаҷӯро пуштибонӣ кунед
лашкар لشکر
қӯшун, маҷмӯи фавҷҳои одамони мусаллаҳи ҷанговар
  • Пароканда лашкар наёяд ба кор,

    Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор. 

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Лашкар аз ҳар ду ҷониб рӯй ба ҳам оварданд. Саъдӣ

    Чӣ гуна ҷон барад Ибни Ямин аз лашкари ҳиҷрон,

    Ки ҳар дам тири ғам бар синаи ношод меояд?

    Ибни Ямин
лашкари гиронсанг сипоҳи зиёд, бисёр; сипоҳи азим, вофир
  • Аҳмадхон... бо чанде аз умарои номӣ ва лашкари гиронсанги интихобӣ бар сари он ҷамоат таъин фармуд.

    Таърихи Фаришта
лашкари ороста лашкари муназзам, лашкари батартиб, мусаллаҳи омода ба ҷанг
  • Ин рӯз Абулҳасан даррасид бо лашкари анбӯҳ ва ороста.

    Таърихи Байҳақӣ
лашкар ангехтан ҳуҷум кардан, ҳамла овардан
  • Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,

    Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем. 

    Ҳофиз
лашкар кашидан аскар бурдан (ба ҷое); ба ҷанг рафтан
лашкар оростан а) сипоҳ ҷамъ кардан; лашкар ба тартиб овардан
  • Навфал ба хаёли ҷанг бархост,

    Майдон талабид, лашкар орост. 

    Ҳилолӣ
б) лашкар кашидан, ҳамла овардан
  • Басе барнаёмад, ки банӣ-аммони султон ба мунозаат бархостанд ва ба муқовамат лашкар оростанд ва мулки падар хостанд. 

    Саъдӣ
лашкар рондан лашкар кашидан, бо лашкар ба ҷое равона шудан
лашкари румию шомӣ киноя аз шабу рӯз
  • Барояд он гаҳаш номи тамомӣ

    Миёни лашкари румию шомӣ. 

    Бадрии Кашмирӣ
лашкаргоҳ لشکرگاه лашкаргаҳ لشکرگه
ҷои лашкар, истгоҳи қӯшун
  • Абӯмуслим аз Марв берун омад ва аз роҳи Омӯй ба як манзил лашкаргоҳ зад. 

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Бар он дашт лашкаргаҳ оростанд,

    Ки дарёфтанд, он чи мехостанд. 

    Хоҷу
лашкарӣ لشکری
  1. мансуб ба лашкар
    • Назоракунон шаҳрию лашкарӣ

      Бар инсофу озарми искандарӣ. 

      Низомӣ
  2. сипоҳӣ, марди сипоҳӣ, сарбоз, аскар, марди ҳарбӣ, ҷанговар
    • В-агар тарки хидмат кунад лашкарӣ,

      Шавад шоҳи лашкаркаш аз вай барӣ. 

      Саъдӣ бештар
    • Ба тангчашмии он турки лашкарӣ нозам,

      Ки ҳамла бар мани дарвеши якқабо овард. 

      Ҳофиз
лашкаркаш لشکرکش
ба майдони ҷанг барандаи лашкар, сипаҳсолор, сардори лашкар
  • В-агар тарки хидмат кунад лашкарӣ,

    Шавд шоҳи лашкаркаш аз вай барӣ. 

    Саъдӣ бештар
  • Алам баркашиданд лашкаркашон,

    Дурахшанда шуд ханҷари саркашон. 

    Хоҷу
лашкаркашӣ لشکرکشی
ба майдони ҷанг бурдани лашкар, сардории лашкар, сипаҳсолорӣ
  • Ба дастурию рухсати ростон

    Ба лашкаркашӣ гашт ҳамдостон. 

    Низомӣ
лашкаршикан لشکرشکن
шикастдиҳандаи лашкар, марди шуҷои лашкаршикоф, ки бар қалби лашкари душман ҳамла оварда ба ӯ зарбаи ҳалокатовар медиҳад
  • Зи пӯлодпӯшони лашкаршикан

    Тани кӯҳ ларзанда бар хештан. 

    Абулқосим Фирдавсӣ
лашкаршиканӣ لشکرشکنی
амали лашкаршикан; шикастан ва пароканда кардани лашкар
лашкаршукуф لشکرشکوف лашкаршугуф لشکرشگوف
шуҷоъ, диловар
  • ... Ки лашкаршугуфони миғфаршигоф

    Ниҳон сулҳ ҷустанд, пайдо масоф. 

    Саъдӣ
лашкарангез لشکرانگیز
ба ҷанг барангезандаи лашкар
  • Ба душман равон лашкарангез шуд,

    Чу оташ сипоҳаш ба кин тез шуд. 

    Абулқосим Фирдавсӣ
лашкарафрӯз لشکرافروز
ба ҷӯшу хурӯш оварандаи лашкар ҳангоми ҷанг, он кӣ лашкарро дар ҷанг ташвиқ мекунад, бланд бардорандаи рӯҳи лашкариён; далер, шуҷоъ, ҷанговари барҷастаи ибратшаванда
  • Ту ба мулк-андар монанди Муизиддинӣ,

    Лашкарафрӯзу мухолифшикану пандпазир. 

    Муиззӣ

Феҳристи ихтисорот

а. арабӣ
ак. аккадӣ
ибр. ибрӣ
ингл. инглисӣ
исп. испониёӣ
ит. итолиёӣ
лот. лотинӣ
м. муғулӣ
мол. молоӣ
олм. олмонӣ
пол. поландӣ
порт. португалӣ
пҳл. паҳлавӣ
р. русӣ
санс. санскрит
т. туркӣ
т.-м. туркию муғулӣ
т.-ф. туркию форсӣ
тибет. тибетӣ
фин. финландӣ
фр. фаронсавӣ
ҳ. ҳиндӣ
ҳол. ҳолландӣ
ч. чехӣ
чин. чинӣ
ҷ. ҷопонӣ
шв. шведӣ
ю. юнонӣ
ю.-а. юнонию арабӣ
я. яҳудӣ

адш. адабиётшиносӣ
асот. асотирӣ, асотиршиносӣ
афс. афсонавӣ
баҳр. баҳрнавардӣ
боғп. боғпарварӣ
боф. бофандагӣ
брқ. барқӣ, электрӣ
ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
врз. варзиш
гиёҳ. гиёҳшиносӣ (ботаника)
грам. грамматика, дастури забон
гуфт. гуфтугӯӣ
д. динӣ
домп. домпизишкӣ (байторӣ)
дӯз. дӯзандагӣ
зарб. зарбулмасал
збш. забоншиносӣ
змш. заминшиносӣ (геология)
зстш. зистшиносӣ (биология)
иқт. иқтисод
итт. иттилоотшиносӣ
кайҳ. кайҳоннавардӣ
киш. кишоварзӣ
кол. колбадшиносӣ (анатомия)
кҳн. кӯҳнашуда
лҳҷ. лаҳҷавӣ
мақ. мақол
мант. мантиқӣ
мас. масалан
маҷ. маҷозан
маъд. маъданшиносӣ
меъ. меъморӣ
мол. молия
муқ. муқоиса шавад бо...
мус. мусиқӣ
нав. навсохт
ниг. нигаред ба...
низ. низомӣ
нум. нумератив
нуҷ. нуҷум
обҳш. обуҳавошиносӣ
пасв. пасванд
пешв. пешванд
пиз. пизишкӣ, тиббӣ
р.-оҳ. роҳи оҳан
радио. радиотехника
риёз. риёзиёт (математикӣ)
с. сиёсӣ
сохт. сохтмон
сур. суриёнӣ
таҳқ. сухани таҳқиромез
таър. таърихӣ
тех. техникӣ
фал. фалсафӣ
физ. физикӣ
фолк. фолклор
хим. химия
хӯр. хӯрокворӣ
ҳан. ҳандасӣ
ҳнш. ҳунаршиносӣ
ҳсбд. ҳисобдорӣ
ҳуқ. ҳуқуқшиносӣ
чорв. чорводорӣ
ҷ. ҷамъи...
ҷғрф. ҷуғрофиё
ҷонв. ҷонваршиносӣ (зоология)
ш. шаҳри...