кофир کافر
арабӣ
исм
  1. динӣ касе, ки дини исломро инкор мекунад; худоношинос, бедин, беимон, бехудо
  2. худонотарс, бераҳм, сахтдил (сифати маъшуқа)
    • Ман, ки ҷо кардам ба дил он кофири бадкешро,

      Гӯш кардан кай тавонам қавми некандешро? 

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Хубони замона кофирандо,

      Дилро ба карашма мебарандо! 

      Савдо
    кофири зиммӣ کافر ذمی
    исм
    касе, ки исломро қабул накарда бошад ҳам, ҷизя дода, ба таҳти ҳимояи ислом даромадааст
кофирдил کافردل
сифат
бевафо; сахтдил, бераҳм
  • Хуни мо хӯрданд ин кофирдилон,

    Эй мусулмонон, чи дармон, алғиёс! 

    Ҳофиз
кофирӣ کافری
исм
динӣ мансуб ба кофир 1; бединӣ, худоношиносӣ
кофиркеш کافرکیش
сифат
нигаред ба кофир 2; худонотарс, бераҳм, сахтдил (сифати маъшуқа)
  • Ҳар ки дам дар ошиқӣ аз ному нанге мезанад,

    Ҳар нафас бо нафси кофиркеш ҷанге мезанад.

    Махфӣ
кофирнеъмат کافرنعمت
сифат
носипос, ношукр; кӯрнамак
  • Фармуд ... аз ақиби ӯ бираванд ва сазову ҷазои он кофирнеъматро дар канораш ниҳанд. 

    Равзату-с-сафо
кофирнеъматӣ کافرنعمتی
исм
носипосӣ, ношукрӣ, кӯрнамакӣ
кофирниҳод کافرنهاد
сифат
кофиртабиъат, кофиртабъ, кофир
  • Чу чашми шоҳидон пайваста масте,

    Муғе, кофирниҳоде, бутпарасте. 

    Убайди Зоконӣ
кофири ҳарбӣ کافر حربی
сифат
динӣ худоношиносе, ки бо вай ҷанг кардан воҷиб аст
  • Нигоҳи ошно дар чашми ӯ бегона мегардад,

    Мусулмон кофири ҳарбӣ дар ин бутхона мегардад. 

    Соиб
кофири китобӣ کافر کتابی
исм
динӣ пайравони дини яҳудӣ ва исавӣ, ки гӯё аҳкоми динашон аз рӯи китоби осмонӣ буда, вале пас аз ҷорӣ шудани дини ислом ҳукми онҳо соқит шудааст
кофири ишқ کافر عشق кофири ъишқ
киноя аз касе, ки дар ишқ бевафову дилсахт аст
  • Ошиқеро, ки чунин бодаи шабгир диҳанд,

    Қофири ишқ бувад, гар нашавад бодапараст. 

    Ҳофиз

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии кофир, маънии вожаи кофир, маънии калимаи кофир, маънии ибораи кофир, маънои кофир, маънои вожаи кофир, маънои калимаи кофир, маънои ибораи кофир, таърифи кофир, таърифи вожаи кофир, таърифи калимаи кофир, таърифи ибораи кофир, значение кофир, значение слова кофир, значение фразы кофир, значение выражения кофир, определение кофир, определение слова кофир, определение фразы кофир, определение выражения кофир