гурз گرز
исм
амуди оҳанин, кӯпол, як навъ ҷангафзори пешинаи дастадори саркулӯла, ки монанди мехча барҷастагиҳо дорад
  • Парад рӯҳаш аз дидани бурзи ӯ,

    Кафад мағзаш аз ҳайбати гурзи ӯ.

    Абушакури Балхӣ бештар
  • Хартуми ман чу гурез бувад вақти гирудор,

    Зар мӯи ман ба тундию тезӣ бувад синон.

    Саййидо
гурзи Афридун گرز افریدون
исм
кӯполи Фаридун
гурзи говсор گرز گاوسار
исм
нигаред ба гурзаи говсор 1
гурзи пӯлодванд گرز پولادوند
исм
амуди пӯлодин
гурзи шашпаҳлӯ گرز شش‌پهلو
исм
гурзи мусаддас, як навъи гурз, ки шаш паҳлӯ дорад
гурзи якзахм گرز یک‌زخم
исм
киноя аз гурзи Сом (яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ), ки гӯё ба як задан Аждаҳоро куштааст; гурзи гарон
гурз кашидан گرز کشیدن
феъл
барои гурззанӣ омода шудан, гурз бардоштан
гурзбон گرزبان
сифат
гурздор, дорандаи гурз, ҷанговари гурздор
  • Чу Мелод бо Ориши марзбон,

    Чу Пирӯз аспафгани гурзбон...

    Абулқосим Фирдавсӣ
гурздор گرزدار
сифат
дорандаи гурз; дорои гурз, он кӣ гурз медорад
  • Инонпечу гурдафкану гурздор

    Чу ман кас набинад ба гетӣ савор.

    Абулқосим Фирдавсӣ
гурзи Афридун گرز افریدون
исм
кӯполи Фаридун
  • Каманди Рустами дастон ба танҳо шуд рикоби ӯ,

    Чунон чун гурзи Афридун на сармисмори мизроқаш.

    Манучеҳрӣ
гурзи говсор گرز گاوسار
исм
нигаред ба гурзаи говсор 1
  • Зевари гурзи говсорашро

    Зевари чатри ковиён созанд.

    Хоқонӣ бештар
  • Пеши гурзи говсораш рӯзи сайд

    Шери гардун камтар аз рӯбоҳ бод!

    Саноӣ
  • Ахтарон пеши гурзи говсараш,

    Рахт бар гови осмон бастанд.

    Хоқонӣ
гурзи пӯлодванд گرز پولادوند
исм
амуди пӯлодин
  • Тароқи сар аз гурзи пӯлодванд,

    Ҳамехоҳанд аҷалро ба бонги баланд.

    Хисрави Деҳлавӣ
гурзи шашпаҳлӯ گرز شش‌پهلو
исм
гурзи мусаддас, як навъи гурз, ки шаш паҳлӯ дорад
  • Ба тундӣ бароварда болои ҷӯш,

    Яке гурзи шашпаҳлӯи ҳафтҷӯш.

    Хисрави Деҳлавӣ
гурзаи говранг گرزه گاورنگ
исм
нигаред ба гурзаи говсор 1
  • Дамон пеши Заҳҳок рафтӣ ба ҷанг,

    Задӣ бар сараш гурзаи говранг.

    Абулқосим Фирдавсӣ
гурзаи говсор گرزه گاوسار
исм
гурзи ба сурати сари гов сохташуда, ки ба баъзе қаҳрамонони «Шоҳнома», махсусан Фаридун мансуб аст
  • Фаридун або гурзаи говсор,

    Бифармуд кардан бар он ҷо нигор.

    Дақиқӣ бештар
  • Зи пеш андар омад гав Исфандиёр,

    Ба даст-андарун гурзаи говсор.

    Дақиқӣ
гурзаи говчеҳр گرزه گاوچهر
исм
нигаред ба гурзи говсор 1
  • Сарашро бад-ин гурзаи говчеҳр,

    Бикӯбам, на бахшоиш орам, на меҳр.

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит значения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии гурз, маънии вожаи гурз, маънии калимаи гурз, маънии ибораи гурз, маънои гурз, маънои вожаи гурз, маънои калимаи гурз, маънои ибораи гурз, таърифи гурз, таърифи вожаи гурз, таърифи калимаи гурз, таърифи ибораи гурз, значение гурз, значение слова гурз, значение фразы гурз, значение выражения гурз, определение гурз, определение слова гурз, определение фразы гурз, определение выражения гурз