гунд گند
улуми низомӣ: ягоне роҳкунишӣ, ки бузургтар аз ҳанг ва хурдтар аз лашкар аст; бригада
гунда گنده
  1. ғафс
    • Сад ҳунармандро зи гурсинагӣ,

      Пӯзгунда, дурӯғи ту кушта.

      Заҳири Форёбӣ
  2. гӯшти кӯфтаи бо дигар масолеҳ омехташудаи кулӯла, ки дар палав, шулла ва ғ. ба кор мебаранд; кӯфта
    • Ман бигӯям сифати гундаи парвории гарм,

      Гӯ, бигӯянд маро муддаиён кӯфтахор.

      Абӯисҳоқи Атъима
  3. заволаи хамир ба андозаи як нон
гундӣ گندی
лҳҷ. ноне, ки зери хокистар пухта мешавад; нони сабӯсин, ки барои саг мепазанд
гундо گندا
файласуф, доно, олим, ҳаким
  • Пилони туро рафтан бод асту тан-кӯҳ,

    Дандони наҳангу дилу андешаи гундо.

    Унсурӣ
кундовар کنداور гундовар گندآور
  1. далер, ҷасур, шуҷоъ, паҳлавон
    • ...Ки омад зи Эрон сипоҳе гарон,

      Ҳама номдорону кундоварон. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • На шамшери кундоварон кунд буд,

      Ки киноварӣ з-ахтари тунд буд. 

      Саъдӣ
  2. донишманд, доно
    • Сарони бузург аз ҳама кишварон,

      Пизишкони донову кундоварон. 

      Дақиқӣ
кундоварӣ کنداوری гундоварӣ گندآوری
  1. далерӣ, шуҷоат; паҳлавонӣ
    • Чӣ гуна сар омад ба некахтарӣ,

      Бар эшон ҳама рӯзи кундоварӣ? 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ҳамон ёраву тоҷу ангуштарӣ,

      Ҳамон тавқу ҳам тахти гундоварӣ... 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. доноӣ, донишмандӣ
гундула گندله
гирд, мудаввар, гулула, кулула
зигунд زگوند
олмонӣ
аломате ба шакли « » , ки дар боло ва самти рости ҳуруфи мушаххаскунандаи намодҳои риёзӣ қарор мегирад ва онҳоро аз намодҳои мутанозирашон мутамоиз мекунад

Феҳристи ихтисорот

адш. адабиётшиносӣ
асот. асотирӣ, асотиршиносӣ
афс. афсонавӣ
баҳр. баҳрнавардӣ
боғп. боғпарварӣ
боф. бофандагӣ
брқ. барқӣ, электрӣ
ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
врз. варзиш
гиёҳ. гиёҳшиносӣ (ботаника)
грам. грамматика, дастури забон
гуфт. гуфтугӯӣ
д. динӣ
домп. домпизишкӣ (байторӣ)
дӯз. дӯзандагӣ
зарб. зарбулмасал
збш. забоншиносӣ
змш. заминшиносӣ (геология)
зстш. зистшиносӣ (биология)
иқт. иқтисод
итт. иттилоотшиносӣ
кайҳ. кайҳоннавардӣ
киш. кишоварзӣ
кол. колбадшиносӣ (анатомия)
кҳн. кӯҳнашуда
лҳҷ. лаҳҷавӣ
мақ. мақол
мант. мантиқӣ
мас. масалан
маҷ. маҷозан
маъд. маъданшиносӣ
меъ. меъморӣ
мол. молия
муқ. муқоиса шавад бо...
мус. мусиқӣ
нав. навсохт
ниг. нигаред ба...
низ. низомӣ
нум. нумератив
нуҷ. нуҷум
обҳш. обуҳавошиносӣ
пасв. пасванд
пешв. пешванд
пиз. пизишкӣ, тиббӣ
р.-оҳ. роҳи оҳан
радио. радиотехника
риёз. риёзиёт (математикӣ)
с. сиёсӣ
сохт. сохтмон
сур. суриёнӣ
таҳқ. сухани таҳқиромез
таър. таърихӣ
тех. техникӣ
фал. фалсафӣ
физ. физикӣ
фолк. фолклор
хим. химия
хӯр. хӯрокворӣ
ҳан. ҳандасӣ
ҳнш. ҳунаршиносӣ
ҳсбд. ҳисобдорӣ
ҳуқ. ҳуқуқшиносӣ
чорв. чорводорӣ
ҷ. ҷамъи...
ҷғрф. ҷуғрофиё
ҷонв. ҷонваршиносӣ (зоология)
ш. шаҳри...