Лутфан Вожаҷӯро пуштибонӣ кунед
риш ریش
мӯйҳои рӯй ва зери манаҳи мардон
  • Риши худро ҳаме хизоб кунӣ,

    Хештанро ҳаме азоб кунӣ. 

    Рӯдакӣ
риш кандан киноя аз ташвиш ва заҳмати бефоида кашидан
  • Он курраяк ба модари худ гуфт: Чун ки мо

    Обе ҳамехӯрем, сафире ҳамезананд?

    Модар ба курра гуфт: Бирав, беҳуда магӯй!

    Ту кори хеш кун, ки ҳама риш мекананд! 

    Саноӣ
риш шона задан киноя аз омода шудан ба коре
  • Яке аз ҷамъ ҳарфурӯшона

    Баҳри он кор риш зад шона. 

    Абдураҳмони Ҷомӣ
риш дар дасти дигаре доштан ихтиёри худро ба дасти дигаре супурдан, дар кору рафтор мустақил набудан
  • Ҳар кӣ дил пеши дилбаре дорад,

    Риш дар дасти дигаре дорад. 

    Саъдӣ
пеши касе риш доштан назди касе ҳурмату эътибор доштан
  • Пеши муфтӣ бе қабули ришва кас рише надошт,

    Баҳри мард ислоҳи кори халқ чун даллок кард.

    Шафеи Асар бештар
  • Чу бе зар пеши кас рише надорад хоҷа, ҷо дорад,

    Ки ҷои сиккаи мардӣ шуморад сиккаи зарро.

    Мӯҳсини Таъсир
ришу қайчӣ–ҳар ду дар дасти шумост зарб. яъне ҳамаи ихтиёрот ба дасти шумост 
ришу фаш салобатнокӣ ва синну сол
риши кулӯта риши лӯнда ва гирда
риш мондан мӯйҳои рӯйро натарошида нигоҳ доштан;
риши худро дар роҳи чизе сафед кардан дар расидан ба мақсаде бисёр кӯшиш карда таҷрибаи зиёд андӯхтан
рашоша رشاشه ришоша
қатраҳои ягон чизи обакӣ, қатраҳои борон, борони реза
  • Аз алам Маъмун чанд қатарот ашк бар рухсора равон кард, гӯӣ рашошаи шулоб буд бар сафҳаи гулнор.

    Хористон
ришва رشوه ришват رشوت
пул ё чизе, ки ба шахси соҳибмансабе барои ба нафъи пул ё чиздиҳанда иҷро кардани ягон кори ғайриқонунӣ ё ноҳақ дода мешавад, пора
  • Ба ришвати пинҳон ва ба ҳар маъно ба ҳеҷ чизе хештанро олуда накард. 

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Мӯҳтасиб, ришва ҳаром аст, ту хоҳӣ хӯрдан,

    Ман ҳам ар май хӯрам, инсоф куну хӯрда магир! 

    Шоҳин
  • Ва ҳам инчунин дар обе, ки ҳанӯз аз манбаъ наҷӯшида, мироб ришва ситонад. 

    Аҳмади Дониш
ришвагир رشوه‌گیر
гирандаи пора, ришвахӯр, порахӯр
ришвагирӣ رشوه‌گیری
ришвахӯрӣ, порагирӣ, порахурӣ, ришваситонӣ, коррупсия
ришвадиҳанда رشوه‌دهنده
порадиҳанда, диҳандаи пора
ришваситон رشوه‌ستان
порахӯр, ришвахӯр
  • Бигӯ, он чӣ донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,

    На ришваситонию, на ишвадеҳ. 

    Саъдӣ
ришваситонӣ رشوه‌ستانی
ниг. ришвагирӣ
ришвахор رشوه‌خوار ришвахӯр رشوه‌خور
он ки пора мегирад, порагиранда, порахӯр, порагир, порахор
ришвахӯрӣ رشوه‌خوری
порагирӣ, порахӯрӣ, гирифтани ришва, гирифтани пора, коррупсия

Феҳристи ихтисорот

а. арабӣ
ак. аккадӣ
ибр. ибрӣ
ингл. инглисӣ
исп. испониёӣ
ит. итолиёӣ
лот. лотинӣ
м. муғулӣ
мол. молоӣ
олм. олмонӣ
пол. поландӣ
порт. португалӣ
пҳл. паҳлавӣ
р. русӣ
санс. санскрит
т. туркӣ
т.-м. туркию муғулӣ
т.-ф. туркию форсӣ
тибет. тибетӣ
фин. финландӣ
фр. фаронсавӣ
ҳ. ҳиндӣ
ҳол. ҳолландӣ
ч. чехӣ
чин. чинӣ
ҷ. ҷопонӣ
шв. шведӣ
ю. юнонӣ
ю.-а. юнонию арабӣ
я. яҳудӣ

адш. адабиётшиносӣ
асот. асотирӣ, асотиршиносӣ
афс. афсонавӣ
баҳр. баҳрнавардӣ
боғп. боғпарварӣ
боф. бофандагӣ
брқ. барқӣ, электрӣ
ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
врз. варзиш
гиёҳ. гиёҳшиносӣ (ботаника)
грам. грамматика, дастури забон
гуфт. гуфтугӯӣ
д. динӣ
домп. домпизишкӣ (байторӣ)
дӯз. дӯзандагӣ
зарб. зарбулмасал
збш. забоншиносӣ
змш. заминшиносӣ (геология)
зстш. зистшиносӣ (биология)
иқт. иқтисод
итт. иттилоотшиносӣ
кайҳ. кайҳоннавардӣ
киш. кишоварзӣ
кол. колбадшиносӣ (анатомия)
кҳн. кӯҳнашуда
лҳҷ. лаҳҷавӣ
мақ. мақол
мант. мантиқӣ
мас. масалан
маҷ. маҷозан
маъд. маъданшиносӣ
меъ. меъморӣ
мол. молия
муқ. муқоиса шавад бо...
мус. мусиқӣ
нав. навсохт
ниг. нигаред ба...
низ. низомӣ
нум. нумератив
нуҷ. нуҷум
обҳш. обуҳавошиносӣ
пасв. пасванд
пешв. пешванд
пиз. пизишкӣ, тиббӣ
р.-оҳ. роҳи оҳан
радио. радиотехника
риёз. риёзиёт (математикӣ)
с. сиёсӣ
сохт. сохтмон
сур. суриёнӣ
таҳқ. сухани таҳқиромез
таър. таърихӣ
тех. техникӣ
фал. фалсафӣ
физ. физикӣ
фолк. фолклор
хим. химия
хӯр. хӯрокворӣ
ҳан. ҳандасӣ
ҳнш. ҳунаршиносӣ
ҳсбд. ҳисобдорӣ
ҳуқ. ҳуқуқшиносӣ
чорв. чорводорӣ
ҷ. ҷамъи...
ҷғрф. ҷуғрофиё
ҷонв. ҷонваршиносӣ (зоология)
ш. шаҳри...