сарҳанг سرهنگ
исм
  1. сардори як қисми муайяни лашкар; фармондеҳи ҳанг
    • Сарҳангро бо гурӯҳе ба ҷанг фиристод. 

      Авфӣ бештар
    • Буд сарҳанге аз нажоди бузург,

      Тунд чун шеру саҳмнок чу гург. 

      Низомӣ
  2. сипоҳии қаровул, навбатдор, муҳофиз
    • Ба сарҳангон иҷозат дод ночор,

      Ки гирангдаш раҳи ташҳири бозор. 

      Ҳозиқ
  3. улуми низомӣ дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гундсолор ва болотар аз сарҳангёр мебошад; полковник
полковник
русӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сарҳанг 3; унвони афсарӣ (баландтар аз подполковник ва пасттар аз генерал-майор)
подполковник
русӣ | ин вожа дар забони форсӣ вуҷуд надорад
исм
нигаред ба сарҳангёр 1; унвони ҳарбӣ (аз майор болотар ва аз полковник хурдтар)
сарҳангзода سرهنگ‌زاده
сифат
нигаред ба сарҳанг 1; писари сарҳанг
  • Сарҳангзодаеро дидам бар дари сарои Уғулмиш, ки ақлу киёсате ва фаҳму фиросате зоидулвасф дошт. 

    Саъдӣ
сарҳангӣ سرهنگی
исм
  1. амали сарҳанг, сардории як қисми муайяни лашкар
  2. посбонӣ, қаровулӣ, муҳофизӣ
    • Ба сарҳангияш баста ҷавзо камар,

      Ба ҷорӯбияш маҳ бароварда сар. 

      Хоҷу
сарҳангёр سرهنگیار
исм
улуми низомӣ дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарҳанг ва болотар аз саргурд мебошад; подполковник
сарҳанги девон سرهنگ دیوان
исм
сардори аскарони дарбор, сардори фавҷи дарборӣ, сардори қаровули дарбор
  • Ҳикоят кунанд аз яке некмард,

    Ки икроми Ҳаҷҷоҷи Юсуф накард;

    Ба сарҳанги девон нигаҳ кард тез,

    Ки натъаш бияндозу регаш бирез! 

    Саъдӣ
сарҳанги навбат سرهنگ نوبت
исм
сардори навбатчиён, сардори муҳофизони дарбор
  • Ба навбатгаҳи шоҳ бурдандашон,

    Ба сарҳанги навбат супурдандашон. 

    Низомӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сарҳанг, маънии вожаи сарҳанг, маънии калимаи сарҳанг, маънии ибораи сарҳанг, маънои сарҳанг, маънои вожаи сарҳанг, маънои калимаи сарҳанг, маънои ибораи сарҳанг, таърифи сарҳанг, таърифи вожаи сарҳанг, таърифи калимаи сарҳанг, таърифи ибораи сарҳанг, значение сарҳанг, значение слова сарҳанг, значение фразы сарҳанг, значение выражения сарҳанг, определение сарҳанг, определение слова сарҳанг, определение фразы сарҳанг, определение выражения сарҳанг