дуруд درود I
исм
  1. дарав, даравидан, буридани зироъат
    кишту дуруд کشت و درود
    исм
    коридан ва дарав кардан, зироаткорӣ
  2. сано, ситоиш
  3. салом
  4. ниёиш, дуъо
  5. раҳмат
дуруд درود II
исм
  1. дуъо, ниёиш, ибодат
    • Чунин дод посух, ки эй моҳчеҳр,

      Дурудат зи ман, офарин аз сипеҳр! 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. раҳмат, лутфу марҳамат (аз Худо)
    • Аз ҳар кулӯхе ва санге овозе шунидӣ, ки дуруди худо бар ту бояд.

      Таърихи Табарӣ
  3. таҳсин, мадҳ, сано, салом
    дуруд расондан درود رساندن
    феъл
    салом расондан 
    дуруд фиристодан درود فرستادن
    феъл
    нигаред ба дуруд расондан 1; салом расондан 
дурӯдгар درودگر дурудгар
исм
дуредгар, наҷҷор, устои чӯбтарош, ҳаррот
  • Дурӯдгарон ва наққошонро фармуд, ки сол то сол бутон тарошидандӣ.

    Таърихи Наршахӣ
дурӯдгарӣ درودگری дурудгарӣ
исм
амали дуредгар, наҷҷорӣ; чӯбтарошӣ, ҳарротӣ
  • Нӯҳро дурӯдгарӣ биёмӯхт ва Нӯҳ аз он чӯб киштии бузург бисохт. 

    Маҷмаъу-л-ансоб
дуру дароз دور و دراز
зарф
давомнок, бисёр дароз; муфассал, мутаввал
  • Шаб то саҳар ҳадис ба ду зулф вогузошт,

    Кӯтаҳ нагашт қиссаи дуру дарози мо.

    Ибни Ямин
дуруду паём гуфтан درود و پیام گفتن
феъл
салом гуфтану хабар додан
дуруду таҳният гуфтан درود و تهنیت گفتن
феъл
табрик кардан
дуруд дамидан درود دمیدن
феъл
дуъо хондан
  • Бар турбати ӯ бидам дуруде,

    Бар мурдаи ман махон суруде. 

    Шоҳин
дуруд гуфтан درود گفتن
феъл
  1. дуъо кардан, дуъои нек кардан
    • Ба ҳар қадаме суруд мегуфт,

      Бар рӯҳи санам дуруд мегуфт. 

      Шоҳин
  2. салом гуфтан, таҳният гуфтан
    • Бигуфто фаровон дуруду салом,

      Ба ҷони ту ҳар дам аз ин пирмом. 

      Савдо
дуруду паём додан درود و پیام دادن
феъл
салому хабар расонидан 
  • Фиристод наздики Дастони Сом,

    Басе дод бо ӯ дуруду паём. 

    Абулқосим Фирдавсӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дуруд, маънии вожаи дуруд, маънии калимаи дуруд, маънии ибораи дуруд, маънои дуруд, маънои вожаи дуруд, маънои калимаи дуруд, маънои ибораи дуруд, таърифи дуруд, таърифи вожаи дуруд, таърифи калимаи дуруд, таърифи ибораи дуруд, значение дуруд, значение слова дуруд, значение фразы дуруд, значение выражения дуруд, определение дуруд, определение слова дуруд, определение фразы дуруд, определение выражения дуруд