эътибор اعتبار I
арабӣ
исм
  1. эътимод, бовар
    • Аҳду паймони фалакро нест чандон эътибор,

      Аҳд бо паймона бандам, шарт бо соғар кунам.

      Ҳофиз бештар
    • Чу ихтиёр бувад миру эътибор вазир,

      Сухан намонд, сафар ихтиёр бояд кард.

      Мушфиқӣ
  2. қадру мартаба; обрӯ; аҳаммият
    • Эй сарв, ту бо қади баландат

      Дар боғ чи эътибор дорӣ?

      Ҳофиз бештар
    • Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,

      Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.

      Саййидо
  3. иборат, намуна
    • Қасд кардаам, ки ӯро адаб кунам, чунонки дигаронро эътибор бошад.

      Авфӣ
    эътибор гирифтан اعتبار گرفتن
    феъл
    1. 1.
      ибрат гирифтан
    2. 2.
      ба назар гирифтан, ба ҳисоб гирифтан
    эътибор кардан اعتبار کردن
    феъл
    1. 1.
      ҳурмат кардан, эҳтиром намудан
    2. 2.
      аҳаммият додан ва риоя кардан
    ба чашми эътибор дидан با چشم اعتبار دیدن
    ба назари ибрат нигаристан, ибратгирона нигоҳ кардан
эътибор اعتبار II
исм
иқтисод ҳаққи хариди коло ё истифода аз хадамот бидуни пардохти фаврии пул
эътиборан اعتباراً
арабӣ
зарф
сар карда…, давом дода…
эътибордор اعتباردار
сифат
дорои мартабаву обруву эътибор, дорои аҳаммият ва арзиш, арзишдор
эътиборнок اعتبارناک
сифат
  1. мавриди эътимод, соҳибэътибор, баобрӯ, боқадр, бонуфуз
  2. асоснок, ҳақиқӣ, муътабар: маълумотҳои эътиборнок
  3. ҷорӣ, дар истифодабуда: ҳуҷҷати эътиборнок
эътиборнокӣ اعتبارناکی
исм
  1. эътимоднокӣ, боқадрӣ, бонуфузӣ, бообрӯӣ
  2. асоснокӣ, муътабарӣ
эътиборнома اعتبار‌نامه
исм
сиёсатшиносӣ ҳуҷҷати давлатӣ, ки ба намояндаи дипломатӣ дар бораи таъйин шуданаш ба сафорат дода мешавад, ваколатнома
эътиборот اعتبارات
арабӣ
исм
  1. ҷамъи эътибор I 1
    • Ҷисм ҳам аз танаввӯи ашкол,

      Васфи касрат гирифту шуд аҷсом.

      Эътибороти ваҳмро бигузор,

      То чу аввал намоядат анҷом.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. ҷамъи эътибор I 2
    • Эътибороти тахайюли фақру ғино дар ин мартаба номанзур аст.

      Бедил
эътиборӣ اعتباری
сифат
мансуб ба эътибор I 1
амри эътиборӣ امر اعتباری
равияи фалсафӣ, ки мувофиқи он чигунагии чизҳо ва хисоли онҳо бе воситаи эҳсосот ва ба гумону ақидаи одамон дониста мешавад
эътибор доштан اعتبار داشتن
исм
қадру қимат доштан, арзиш доштан, ҳурмату обрӯ доштан
  • Мушфиқӣ дар олами беэътиборӣ қадр ёфт,

    Иззати олам ба чашми ӯ надорад эътибор.

    Мушфиқӣ бештар
  • Чун чароғи рӯз дар чашмат надорам эътибор,

    Ин сазои он, ки умре поси суҳбат доштам.

    Саййидо

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии эътибор, маънии вожаи эътибор, маънии калимаи эътибор, маънии ибораи эътибор, маънои эътибор, маънои вожаи эътибор, маънои калимаи эътибор, маънои ибораи эътибор, таърифи эътибор, таърифи вожаи эътибор, таърифи калимаи эътибор, таърифи ибораи эътибор, значение эътибор, значение слова эътибор, значение фразы эътибор, значение выражения эътибор, определение эътибор, определение слова эътибор, определение фразы эътибор, определение выражения эътибор