Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
-вом وام
пасванде, ки маънои ранг, гунаро ифода мекунад ва шаклҳои -фом, -пом ҳам дорад
  • Зи чашми анҷум афтода ҳам аз шом,

    Маҳи борик чун абри сияҳвом.

    Манучеҳрӣ
исм
қарз, дайн
  • Ба доми ҷаҳон ҳастӣ аз воми ӯ,

    Бидеҳ воми ӯ, растӣ аз доми ӯ.

    Низомӣ бештар
  • Пайи ҳалвош қанду мағзи бодом

    Гирифтӣ аз лабу дандони ӯ вом.

    Абдураҳмони Ҷомӣ
вом кардан وام کردن
феъл
қарз гирифтан, қарз кардан
ба вом доштан به وام داشتن
феъл
нигаред ба вом кардан 1; қарз гирифтан, қарз кардан
вомбарг وام‌برگ
исм
як шакли маблағ ҷамъ кардан ба буҷети давлатӣ бо роҳи қарзгирӣ аз аҳолӣ; коғазе (варақае), ки мисли пули коғазӣ арзиш дорад, облигатсия
вомвожа وام‌واژه
исм
забоншиносӣ вожае, ки аз тариқи вомгирӣ аз забоне ворид забон дигар шудааст
вомгир وام‌گیر
сифат
қарзгиранда
вомгиранда وام‌گیرنده
сифат
сифати феълии замони ҳозира аз вом гирифтан; он ки қарз мегирад
вомгирӣ وام‌گیری
исм
забоншиносӣ фароянде, ки дар он як вожа ё сохт ё унсури сарфӣ аз як забон вориди забоне дигар мешавад
вомгузор وام‌گذار
исм
қарздор, бидеҳкор; иддаокунанда
вомдор وام‌دار
исм
қарздор, мадюн
  • Ин раҳо кун, з-он ки шоъир бар гузар,

    Вомдор асту қавӣ муҳтоҷи зар.

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
вомдорӣ وام‌داری
исм
вомдор будан, қарздорӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии вом, маънии вожаи вом, маънии калимаи вом, маънии ибораи вом, маънои вом, маънои вожаи вом, маънои калимаи вом, маънои ибораи вом, таърифи вом, таърифи вожаи вом, таърифи калимаи вом, таърифи ибораи вом, значение вом, значение слова вом, значение фразы вом, значение выражения вом, определение вом, определение слова вом, определение фразы вом, определение выражения вом